Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо мадади Чин "YouTube"-ро мебандад?


Маскав барои бастани портали "YouTube" дар Русия дар нимаи дувуми соли 2023 омодагӣ мебинад.

Сомонаи русии "Октагон" бе зикри манбаъ хабар додааст, ки дар ин замина мутахассисони чинӣ ба Маскав ёрии техникӣ мерасонанд.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, 41 мутахассисе, ки аз Чин ба Русия рафтаанд, якҷоя бо мутахассисони рус нақшаи бастани Ютубро таҳия мекунанд. Ютуб аз соли 2009 дар Чин баста аст.

Чин дар радабандии озодии Интернет, ки ҳамасола аз сӯи созмони байнулмилалии "Freedom House" нашр мешавад, дар ҷойгоҳи охирин аст. Дар ин кишвар бештари хадамоти интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоии ғарбӣ баста шудаанд.

Русия ҳам дар ин радабандӣ яке аз мақомҳои охиринро касб мекунад. "Октагон" шарҳ надодааст, ки чаро Русия мехоҳад, Ютубро бандад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG