Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба вакили мардумии Озарбойҷон ҳамла кардаанд


 Фозил Мустафо
Фозил Мустафо

Хадамоти давлатии амнияти Озарбойҷон мегӯяд, шоми гузашта вакили мардумӣ Фозил Мустафо бо ҷароҳатҳо аз силоҳи оташфишон ба шифохона интиқол ёфтааст.
Ба қавли манбаъ, ин "амали террористӣ" дар назди хонаи ин вакили мардумӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он Мустафо аз китфу пой захм бардоштааст, вале ҳаёти ӯ зери хатар нест.

Мустафо ягона вакили порлумони Озарбойҷон аз ҳизби "Буюк Курулуш"-и рӯ ба ҳукумат мебошад. Хадамоти давлатии амнияти Озарбойҷон тафтиши ҳодисаро шурӯъ кардааст.

Мустафо аз мунаққидони ашаддии сиёсатҳои Эрон дар муқобили Озарбойҷон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG