Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 5 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи "Russian Judo Tour" дар Хабаровск


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии “Russian Judo Tour” (“Сайри ҷудои Русия”), ки рӯзҳои 1-2-юми апрел дар шаҳри Хабаровск баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар бо роҳбарии мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов панҷ варзишгар шомил аст: -66 кг – Ориф Додов, -73 кг – Илҳомиддин Ҷабборов, -81 кг – Сайфиддин Сайфиддинзода, -90 кг – Акмал Муродов ва -100 кг – Исроил Раҳимов.

Хадамоти матбуоти Федератсияи ҷудои Русия хабар додааст, ки барои ширкат дар марҳилаи «Russian Judo Tour” ҳудуди 400 варзишгар аз Русия, Беларус, Арманистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Сербия ва Тоҷикистон ба Шарқи Дур меоянд.

Мусобиқаи байнулмилалӣ ба хотираи поягузори ҷудо дар Русия Василий Ошепков дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Russian Judo Tour»-и Федератсияи ҷудои Русия баргузор мешавад.

Мусобиқа аз 1-ум то 2-юми апрел дар толори варзишии «Платина»-и Хабаровск барпо мегардад. Иштироккунандагони мусобика на танхо барои медалхо дар 14 вазн, инчунин барои ҷоизаҳои молӣ мубориза мебаранд. Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 7,3 миллион рублро ташкил медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG