Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занеро барои сирояти 11 мард ба вируси хатарнок боздошт кардаанд


Рамзи мубориза бо СПИД
Рамзи мубориза бо СПИД

Мақомот дар шаҳри Конибодом занеро бо гумони сироят кардани чанд мард ба Вируси Норасоии Масъунияти Одам ё ВИЧ/СПИД боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи пулиси Суғд, ин зан медонист, ки гирифтори ВИЧ/СПИД аст, вале ба танфурӯшӣ машғул буд.

Ба гуфтаи мақомот, зани 46-сола ба он гунаҳкор мешавад, ки дидаю дониста 11 мардро зери хатар гузоштааст.

Назари ин зан ба иттиҳоми эълоншуда алайҳаш маълум нест.

Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд рӯзи 28-уми март дар як барномаи телевизионӣ хабар дод, ки ба зидди ин зани танфурӯш бар асоси моддаи 125-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "огоҳона сироят кардан ба ВИЧ/СПИД" парванда боз кардаанд.

Ин банди қонун аз 2 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG