Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон барои таҷлил аз Наврӯз ба Суғд рафт


Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд рафт.
Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд рафт.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, сафари худ ба вилояти Суғдро рӯзи 29-уми март аз шаҳри Гулистон (Қайроқуми пешин) оғоз кард.

Президент зимни ин сафар дар маросими ифтитоҳи ду коргоҳ ширкат кардааст.

Сомонаи расмии раисиҷумҳур Тоҷикистон ҳадафи аслии сафари ӯ ба минтақаи Суғдро ширкат дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ ва мулоқот бо сокинон гуфтааст.

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, аз 20 то 25-уми март, президент барои ширкат дар Конфронси оби СММ ба Амрико сафар кард ва қарор буд, ҷашни асосии Наврӯзи имсола охири моҳи март дар Хуҷанд баргузор шавад.

Барои таҷлил аз ин ҷашн наздики 19 ҳазор нафар, аз ҷумла 12 ҳазор донишҷӯю хонандагони мактаб ба маршировка ҷалб шудаанд.

Барои сафари президент ба минтақаҳо моҳҳо омодагӣ мегиранд. Мухолифин ҳамеша президентро барои ҷашнҳои пурхарҷ танқид мекунанд. Дар ин ҷашнҳо аз нерӯи хонандагону донишҷӯён истифода мешавад, ки ба гуфтаи мухолифон, хилофи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ аст.

Сафари раиси ҷумҳур ба шаҳру навоҳии кишвар ва ширкат дар ифтитоҳи чанд коргоҳ ба як расми маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар гузашта чанд мавриде ошкор шуда буд, ки корхонаҳои бозшуда пас аз сафари Эмомалӣ Раҳмон аз кор мемонанд

XS
SM
MD
LG