Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

The Guardian: Песков аз тӯл кашидани ҷанги Украина ҳушдор дода буд


Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков нухбагони фарҳангӣ ва сиёсии ин кишварро ҳушдор дода буд, ки ҷанг зидди Украина тӯлонӣ хоҳад шуд. Дар ин бора "The Guardian" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додааст.

Ҳамсуҳбатони "The Guardian" гуфтаанд, ки Песков ин ҳушдорро охирҳои соли 2022 дар зиёфати яке аз мансабдорони Русия додааст. "Ба фикрам, шумо мунтазир ҳастед, ки ман чизе мегӯям. Ҳама чи мушкилтар хоҳад шуд. Ин хеле ва хеле давом мекунад", - гуфтааст Песков ба ҳозирин.

Ба гуфтаи манбаи расона, Песков ин ҳушдорро дар пасманзари суханҳои мансабдороне гуфтааст, ки изҳори умед кардаанд, сулҳ ва ҳаёти осоишта бармегардад.

"Суханҳои ӯ нороҳаткунанда буданд. Маълум буд, вай ҳушдор медиҳад, ки ҷанг бо мо хеле тулонӣ мемонад ва ба он бояд омода буд", - иқтибос овардааст расона аз суханони яке аз меҳмонон.

Песков матлаби расонаро то ҳол шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG