Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон маош ва нафақа 7 дарсад зиёд шуд


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 28-уми март фармон дар бораи боло бурдани ҳаҷми маош, нафақа ва кумакпулӣ дар он кишварро имзо кард.

Тибқи фармон, ки дар сомонаи президенти Узбекистон нашр шудааст, ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ ва кормандони давлатӣ дар он кишвар аз 1 апрели имсол 7 дарсад зиёд мешавад.

Қарор аст, дар асоси фармони мазкур нафақаи 4,4 миллион шаҳрванди Узбекистон баланд шавад.

Дар Узбекистон бори охир нафақа 1 май ва маоши кормандони давлатӣ 1 июни соли гузашта баланд шуда буд.

XS
SM
MD
LG