Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони туркман дар Туркия созмон таъсис доданд


Фаъолони туркманистонӣ дар Туркия созмони ғайридавлатии ҷамъиятиро таъсис додаанд. Муаррифии созмони “Hak Нukuga Daýanç” (Ҳимоят аз ҳуқуқу қонун) 26 март дар шаҳри Истамбул баргузор шудааст.

Бунёдгузорони созмон дар назди худ ҳадаф гузоштаанд, ки риояи ҳуқуқи ҳамватанони худро дар Туркманистон ва Туркия мониторинг карда, аз онҳое ҳимоят кунанд, ки аз сӯи режими худкомаи Туркманистон таъқиб мешаванд.

"Муҳоҷирони туркман, ки аз бетарафии мақомоти Туркманистон ба мушкилоти онҳо хаста шудаанд, тасмим гирифтанд, барои омӯхтани ҳимоят аз ҳуқуқи худ созмони ҳомии ҳуқуқро таъсис диҳанд", - изҳор дошт раиси “Hak Нukuga Daýanç” Дурсолтан Таганова.

Тибқи омори Хадамоти муҳоҷирати Туркия аз моҳи январи имсол, 222 090 шаҳрванди Туркманистон дар Туркия расман кору зиндагӣ мекунанд. Коршиносон шумори туркманистониҳоеро, ки ғайриқонунӣ дар Туркия иқомат доранд, бештар аз омори расмӣ меноманд.

Чандин созмони ғайридавлатии Туркия омодагии худро барои дастгирии “Hak Нukuga Daýanç” дар робита ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони туркман баён кардаанд.

XS
SM
MD
LG