Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти таркишро дар Кобул ба дӯш гирифт


Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ масъулияти таркишро дар Кобул бар дӯш гирифт.

Дар ин ҳодиса дар наздикии Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар Афғонистон рӯзи 27-уми март 6 нафар кушта ва 12 кас захмӣ шуд.

Бино ба гузориши телевизиони “Ал-Ҷазира”, таркишро маргталабе анҷом дод, ки қасд дошт вориди бинои вазорат шавад.

Посбонҳо пеши роҳашро гирифтанд, аммо ӯ тавонист, худро тарконад. Дар ҳодиса камаш 6 нафар кушта ва чанд тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Холид Задрон, сухангӯи пулиси Толибон дар Кобул гуфт, 3 афсари пулис ва як кӯдак ҳам захмӣ шудаанд.

Моҳи январ дар таркиши маргталабона дар Кобул 20 кас кушта шуд. Масъулияти ҳамларо ҷангҷӯёни ДОИШ ба дӯш гирифтанд.

Моҳи декабри соли 2022 гурӯҳе аз шахсони муссалаҳ меҳмонхонаеро дар Кобул, ки дар он тоҷирони чинӣ қарор доштанд, тирборон карданд. Моҳи сентябри соли гузашта маргталабе дар назди бинои сафорати Русия дар Кобул худро тарконд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG