Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Исроил аз мақомаш барканор шуд


Эътироз дар Исроил ба тарҳи ислоҳоти додгоҳӣ.
Эътироз дар Исроил ба тарҳи ислоҳоти додгоҳӣ.

Эътирозҳои оммавӣ муқобили тарҳи ислоҳоти додгоҳӣ дар Исроил идома доранд. Ба гуфтаи эътирозгарон, он зиддидемократӣ аст. Вазири дифои Исроил Йоав Галант рӯзи якшанбе хост, ки баррасии тарҳи ислоҳоти додгоҳӣ дар ин кишвар қатъ шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин тарҳ ба амнияти кишвар хатар эҷод кардааст.

Йоав Галант пешниҳод карда, ки баррасии тарҳ ҳади ақал чанд моҳ қатъ шавад. Ӯ афзуд, ки дар миёни низомиён ва кормандони истихборот низ бисёриҳо аз ин тарҳ норозианд. Галантро раҳбари мухолифон ва сарвазири пешини Исроил Яир Лапид ҷонибдорӣ карда, изҳороти вазири дифои Исроилро "гоми шуҷоона ва муҳим барои амнияти кишвар" номид.

Сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу дар посух вазири дифои ин кишварро ба истеъфо фиристод. Ӯ шоми якшанбе дар суҳбат ба нашрияи "The Jerusalem Post" гуфт, дигар ба вазири дифоъ бовар надорад, "чун зидди ҳукумат кор кардааст".

Ин бузургтарин эътироз дар таърихи Исроил аст, ки 12 ҳафта боз давом дорад. Ба қавли созмондиҳандагони эътироз, дар он беш аз 600 ҳазор нафар ширкат мекунанд. Ин барои кишваре, ки каме бештар аз 8 миллион аҳолӣ дорад, рақами бузург аст.

Дастгоҳи ҳукумати Бенямин Натаняҳу, раҳбари Исроил пешниҳод дорад, ки минбаъд порлумон додрасҳоро интихоб кунад ва додгоҳҳо ҳаққи бекор кардани қарорҳои ҳукуматро надошта бошанд. Ин пешниҳод хашми сокинонро барангехт. Қарор аст, ҳафтаи оянда ин тарҳ дар порлумон баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG