Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони интихобот дар Қазоқистон ба додгоҳ шикоят мебаранд


Намояндагони эътилофи "Нозирони мустақил", Алмато, 24-уми марти 2023
Намояндагони эътилофи "Нозирони мустақил", Алмато, 24-уми марти 2023

Аъзои эътилофи "Нозирони мустақил", ки дар интихоботи охири порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Қазоқистон иштирок доштанд, рӯзи 24-уми март дар шаҳри Алмато нишасти хабарӣ баргузор карданд.

Дар ин нишаст нозирон аз қонуншиканиҳо ба монанди монеъ шудан ба фаъолияти нозирон ва баргаҳои аз пеш имзошуда дар ҷараёни интихобот хабар доданд.

Қонуншиканҳои дигар марбут ба таъхир дар додани санадҳо ба нозирон будааст.

"Нозирони мустақил" гуфтанд, барои шикоят бурдан ба додгоҳ омода мешаванд.

Нозирони ин эътилоф дар шаҳри Алмато дар 102 минтақаи раъйдиҳӣ иштирок доштанд. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Алмато бештар аз 600 қитъаи раъйдиҳӣ мавҷуд аст.

Интихоботи ғайринавбатии порлумонӣ дар Қазоқистон рӯзи 19-уми март баргузор шуд. Рӯзи душанбе натиҷаҳои пешакии интихобот нашр гардид, ки бино ба он, бисёре аз курсиҳоро ҳизби ҳокими "Амонат" соҳиб шудааст.

Нозирои маъмурияти Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА низ аз қонуншиканиҳо дар рафти шумориши овозҳо хабар доданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG