Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Умурзоқов иҷрокунандаи вазифаи раиси Тошканд шуд


Шавкат Умурзоқов
Шавкат Умурзоқов

Шавкат Умурзоқови 44-сола иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Тошканди Узбекистон шуд.

Умурзоқов аз соли 2018 то ҳоло раиси ширкати "Узавтосаноат" буд. Пештар вай дар низоми додситонии Узбекистон кор кардааст.

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, раиси пешини шаҳри Тошкандро дар моҳи январи имсол ба истеъфо фиристоданд.

Ортиқхоҷаев аз соли 2018 раиси Тошканд буд. Ӯро ба омодагӣ надидан ба зимистон муттаҳам карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG