Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба далели ҷанг эҳтимол Байконури Қазоқистонро тарк кунад


Қазоқистон
Қазоқистон

Космодром ё пойгоҳи кайҳонии Байконури Қазоқистон бо таърихи кайҳоннавардии Шӯравӣ ва таърихи муосири кайҳоннавардии Русия пайвандии амиқ дорад. Аммо аз солҳои 90-уми асри гузашта "Байкодром" ҷудошавиро аз Русия шуруъ кард.

Ҳарчанд шартномаи иҷора бо Қазоқистон то соли 2050 амал мекунад, қадам ба қадам ҳузури Русия дар Байконур коҳиш меёбад, партоби маҷмааҳои мушакӣ кам мешавад ва ин суол эҷод шудааст, ки оянда чӣ хоҳад шуд.

Дар ибтидои соли 2023 масъалаи истифодаи муштараки космодром дубора доғ шуд: Қазоқистон дороиҳои Русияро дар ба миқдори 2 миллиард рубли русӣ ба ҳабс гирифт, Русия аз Қазоқистон 220 миллион доллар талабкор шуд.

Бино ба шартномаи соли 1994 миёни Русия ва Қазоқистон, космодроми Байконур моли Қазоқистон шуд, аммо Русия онро бар ивази 115 миллион доллари солона ба иҷора гирифт.

Русия аз Байконур ҳам барои барномаҳои миллиаш, аз ҷумла партобҳои низомӣ ва ҳам барои тарҳҳои байналхалқӣ истифода мекунад.

Аммо ин масъала, ки Русия аз ҳисоби истифодаи космодром даромад мегирад, вале танҳо иҷораи онро мепардозад, Қазоқистонро қонеъ намесозад.

Барои ҳифзи истифодаи Байконур ва коҳиши таниши байналхалқӣ ду кишвар тарҳи муштарак таҳия карданд.

Эҳтимоле вуҷуд дорад, ки то соли 2028 Русия комилан Байконурро тарк кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG