Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ҷараён дорад, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал ва ҷоизаи молӣ маҳрум шуданд.
Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки то рӯзи 26-уми март идома меёбад, 324 варзишгар аз 65 кишвар ширкат доранд. Муштзанҳо аз рӯи 12 дараҷаи вазнҳо рақобат мекунанд: 48 кг, 50 кг, 52 кг, 54 кг, 57 кг, 60 кг, 63 кг, 66 кг, 70 кг, 75 кг, 81 кг ва +81 кг.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҳиндустон чаҳор варзишгар - Сумайя Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Мижгона Самадова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (63 кг) - муаррифӣ карданд.
Сумайя Қосимова дар аввалин рақобати худ бар муштзани Тунис Вафо Ҳафзӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, вале дар 1/8 финал аз намояндаи Ҳиндустон мағлуб гардид.
Мижгона Самадова дар даври аввал рақибаш аз Туркия Йелиз Олтинро шикаст дод, аммо дар даври ҳаштякниҳоӣ қувваозмоиро ба узви дастаи мизбон – Ҳиндустон – бохт.
Ду муштзани дигари тоҷик - Руҳафзо Ҳақназарова ва Нилуфар Бобоёрова – дар аввалин рақобати худ ноком шуданд.
Ба ин тартиб, ҳарчор мушзани тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал ва ҷоизаи молӣ маҳрум гаштанд.
Зимнан, муштзанҳое, ки дар мусобиқоти мазкур медали тило ба даст меоранд, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқра 50 ҳазор доллар ва барои медали биринҷӣ 25 ҳазор доллар супурда мешавад.
Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон таҳти сарпарастии Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) аз соли 2001 бори дувоздаҳум баргузор шудааст.
Беҳтарин натиҷаи варзишгарзанони тоҷик дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ медали биринҷии муштзани маъруф Мавзуна Чориева мебошад, ки соли 2012 дар Чин дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило ба даст овардааст. Инчунин Мавзуна тобистони ҳамон сол дар Бозиҳои олимпӣ дар Лондон барандаи медали биринҷӣ гардидааст.
Гуфтугӯ