Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ бо тими Иморот


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, рӯзи чоршанбеи 22-юми март барои баргузор кардани бозии дӯстона бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳри Абузабӣ расид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар дар меҳмонхонаи «Гранд Миллениум Ал-Ваҳда» ҷойгир шуда, шоми чоршанбе аввалин тамринашро анҷом дод.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи шанбе, 25-уми март, дар варзишгоҳи «Ал-Наҳайян»-и Абузабӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Мунтахаби Тоҷикистон ба ҷуз аз бозӣ бо Имороти Муттаҳидаи Араб дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), инчунин бо тими миллии Кувайт низ рақобати санҷишӣ доир хоҳад кард. Ин бозӣ рӯзи сешанбеи 28-уми март дар пойтахти Кувайт – шаҳри Ал-Кувайт - баргузор мешавад.

Барои ширкат дар ин бозиҳои дӯстона ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.

Зимнан, ширкат дар бозиҳои дӯстона барои тими миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё 24 дастаи беҳтарини қора иштирок хоҳад кард.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт:

дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»);

нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (КМВА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Узбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ҳақназаров («Анталяспор», Туркия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»);

ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ Петр Сегрт (Хорватия).

Бозиҳои дӯстона

25-уми март (шанбе)

Оғози бозӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 – ба вақти Душанбе)

Имороти Муттаҳидаи Араб Тоҷикистон

Абузабӣ. варзишгоҳи «Ал-Наҳайян»

28-уми март (сешанбе)

Кувайт – Тоҷикистон

Ал-Кувайт, Кувайт

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG