Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, рӯзи 22-юми март Русияро тарк кард.
Вай тайи сафари серӯза бо Владимир Путин, президенти Русия, бастае аз санадҳои "Ҳамкории стратегӣ"-ро байни Пекин ва Маскав ба имзо расонд.
Сафари нахустини Си Ҷинпин ба Маскав дар чаҳор соли охир дар ҳоле сурат гирифт, ки Русия бинобар ҳамла ба Украина дар инзивои байнулмилалӣ мондааст.
Путин музокироти худро бо раҳбари Чин "муваффақиятомез ва созанда" хонд ва Си Ҷинпин ҳам гуфт, яке аз созишномаҳои имзошуда аз сӯи ду раҳбар робитаҳоро вориди "марҳилаи нав"-и ҳамкориҳо мекунад.
"Мо баёнияеро дар бораи амиқтар кардани ҳамкориҳои стратегӣ ва робитаҳои дуҷониба имзо кардем, ки вориди марҳилаи нав мешавад", -- гуфт Си Ҷинпин рӯзи 21-уми март пас аз мулоқот бо Путин.
Раҳбари Чин дар робита ба ҷанги Украина гуфт, кишвараш аз ҳалли дипломатии ин буҳрон пуштибонӣ мекунад.
Ҷинпин афзуд, "мо усулҳои Созмони Милали Муттаҳидро пайравӣ мекунем ва ба ҳалли осоиштаи ҷанг дар Украина мусоидат мекунем". Вай бо таъкид ба мавзеи бетарафонаи Чин дар баробари бӯҳрони Украина гуфт, "мо ҳамеша тарафдори сулҳ ва гуфтугӯ ҳастем".
Тарҳи Чин, иборат аз 12 банд, барои коҳиши таниш ва дар ниҳоят барқарории оташбас дар Украина ҷузъиёти тарзи поён додан ба ҷанг ва барқарории сулҳро рӯшан намекунад.
Бинобар он ки Пекин таҷовузи низомии Русияро ба Украина маҳкум накардааст, Вашингтон тарҳи пешниҳодии Чинро рад кард.
Киев бидуни ворид шудан ба ҷузъиёт, аз ибтикори дипломатии Чин истиқбол карда, вале гуфтааст, ба шарти хуруҷи комили артиши Русия ва пазириши тамомияти арзии Украина, ҳозир ба музокира аст.
"Ҳанӯз далеле вуҷуд надорад, ки Чин дар ихтиёри Русия аслиҳа гузоштааст", --гуфт дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар Брюссел рӯзи 21-уми март. Кишварҳои ғарбӣ Чинро аз хатари таҳримҳои иқтисодӣ дар сурати фиристодани аслиҳа ба Русия ҳушдор дода буданд.
Си Ҷинпин дар ин сафар бо ишора ба густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Русия, аз ҷумла, содироти бештари ашёи электронии чинӣ, аз "музокироти созанда", ки бо Путин анҷом дод, қадрдонӣ кард.
Путин гуфт, барои интиқоли гази иловагӣ ба Чин тавофуқ шудааст ва ду кишвар ният доранд, арсаи боркашониро байни ду кишвар бо сохтани роҳҳо ва пулҳо густариш диҳанд.
Дар баёнияи муштарак омадааст, мушорикати рӯ ба рушди байни ду кишвар ба болотарин сатҳи худ расидааст. Аммо ин баёния мегӯяд, ин ҳамкорӣ алайҳи ҳеч кишвари дигаре нест ва як "эътилофи низомӣ-сиёсӣ"-ро ташкил намедиҳад.
Гуфтугӯ