Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов аз қирғизистониҳо хост, "ба қадри сулҳу субот расанд"


Содир Ҷабборов (Жапаров)
Содир Ҷабборов (Жапаров)

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) 21-уми март сокинони ин кишварро ба ҷашни Наврӯз табрик гуфт.

Маъракаҳои идона бо иштироки Ҷабборов дар майдони "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек гузашт.

Президенти Қирғизистон дар суханронии худ зикр кард, ки соли гузашта Иди Наврӯзро дар вилояти Бодканд ҷашн гирифтанд ва ваъда дод, ки таъйину нишонагузории хати марзро бо Тоҷикистон ба охир мерасонад.

Вай аз қирғизистониҳо даъват кард, ки дар пасманзари ҳаводиси ҷорӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла задухӯрдҳои низомӣ сулҳу суботро дар кишвар ҳифз кунанд.

"Дар пасманзари рӯйдодҳои ҷаҳон мо бояд аҳамияти таъмини сулҳ, зиндагии осоишта ва пойдории дӯстиро дар кишвари сермиллати худ дарк кунем", - гуфт Ҷабборов.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG