Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футболи Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар кард


Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national football team.
Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national football team.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, субҳи чоршанбеи 22-юми март барои баргузор кардани бозии дӯстона бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб, ки 25-уми март баргузор мешавад, ба Абузабӣ сафар кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар ба ҷуз аз бозӣ бо Имороти Муттаҳидаи Араб дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) бо мунтахаби Кувайт низ рақобати санҷишӣ доир хоҳад кард. Ин бозӣ рӯзи сешанбеи 28-уми март дар пойтахти Кувайт баргузор мешавад.

Барои ширкат дар ин бозиҳо 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт:

дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»);

нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (КМВА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Узбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Ҳақназаров («Анталяспор», Туркия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»);

ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Зимнан,ширкат дар бозиҳои дӯстона барои тими миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё 24 дастаи беҳтарини қора ширкат хоҳад кард.

Бозиҳои дӯстона

25-уми март (шанбе)

Имороти Муттаҳидаи Араб Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Араб

28-уми март (сешанбе)

Кувайт – Тоҷикистон

Ал-Кувайт, Кувайт

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG