Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯшиши дигар барои коҳиши таниш миёни Исроилу Фаластин


Мақомоти Исроил ва Фаластин бо ҳадафи коҳиши таниш ва пешгирӣ аз хушунатҳои нав вохӯрдаанд.

Мулоқот рӯзи 19-уми март дар шаҳри истироҳатии Шарм-уш-Шайхи Миср гузашт.

Ин кӯшиши дувуми тарафҳо барои хотима додан ба хушунатҳои як соли охир аст.

Дар баргузории он Миср, Урдун ва Амрико саҳм гузоштаанд.

Дар як соли охир бар асари ҳамлаҳо аз ду тараф зиёда аз 240 нафар (беш аз 200 фаластинӣ ва беш аз 40 исроилӣ) кушта шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG