Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бадани ӯро пора-пора карда, ба ҷасадаш механданд"


Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон (AIHRC) аз "вазъи ноҳинҷор"-и низомиёни пешини ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.

Масъулонаш дар баёнияе аз 19-уми март навиштанд, "Толибон низомиёни собиқро боздошт ва ба таври бераҳмона азият мекунанду сипас бо истифода аз абзор ва равишҳои бисёр дардовар мекушанд." Толибон ҳамвора таъқибу куштани низомиёни собиқро рад кардаанд.

Кумисюн бо такя ба наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, Толибон як сарбози маъюбро шиканҷа додаанд, то гиря кунаду маъзарат хоҳад. Дар охир ба халтае андохтаанд, то нафас кашида натавонад ва бимирад.

Муаллифони баёния мегӯянд, наворҳои дигар низ нишон медиҳанд, ки "Толибон як низомии пешинро кушта, бадани ӯро пора-пора мекунанд ва ба ҷасади ӯ механданд". Ҳамчунин, ба гуфтаи Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, санадҳои зиёд нишон медиҳад, ки чӣ гуна Толибон қурбониро бо озори ҷисмӣ шиканҷа карда, сипас ба он тир задаанд.

Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, низомиёни пешин барои наҷоти ҷони худ пинҳонӣ зиндагӣ мекунанд ва ё ба кишварҳои дигар фирор кардаанд. Бар пояи баёнияи онҳо, Толибон бо мадади маълумоти биометрӣ метавонанд, низомиёни пешинро шиносоӣ ва боздошт кунанд.

Дар бахше аз он омадааст, ки низомиёни пешини афғонистонӣ аз сӯи кишварҳои дигар барои ҷанг дар минтақаҳои дигар ҷалб мешаванд. Бархе аз ин сарбозон, ки пеш аз ин ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд, натавонистанд, ба Афғонистон бозгарданд. Онҳо пас аз тамом шудани давраи иқоматашон натавонистанд , визаи худро дароз кунанд ва ба зиндагии ғайриқонунӣ дар ин кишварҳо маҷбур шуданд.

Кумисюни мустақили ҳуқуқи башар мустақим аз кишварҳои узви НАТО хостааст, "дар бораи сарбозон ва қурбониёни бузургтарин ҷанги таърихи худ тасмими одилона ва қобили қабул бигиранд ва онҳо ва хонаводаҳояшонро аз ранҷ ва нобудӣ наҷот диҳанд".

Зеро дар аксари ҳолатҳо хонаводаҳои фақир ва дармондаи ин сарбозони пешин дар доми гурӯҳҳои ҷинояткор меафтанд ва ба бесарнавиштии ваҳшатнок дучор мешаванд ва ё фарзандон ва занони онҳо бо фақр ва ояндаи бисёр норӯшан рӯбарӯ мешаванд.

Ин баёнияи Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон дар ҳоле нашр мешавад, ки дар гузашта низ гузоришҳо аз бадрафтории Толибон нисбат ба низомиёни пешини афғон нашр шуда буд.

Қаблан рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” дар як гузориши таҳқиқӣ гуфта буд, ки танҳо дар шаш моҳи аввали ҳокимияти Толибон, 500 корманд ва низомии пешин, ба шумули занон шинанҷа, боздошт, ба таври маҷбурӣ нопадид ва ё ба қатл расидаанд.

Мақомоти Толибон ҳамвора куштори интиқомҷӯёнаи низомиёни пешини афғонро рад кардааст. Аммо шаҳодати шоҳидони айнӣ ва далелҳои созмонҳои боэътимоди ҷаҳон нишон медиҳад, ки ин гурӯҳи ҳоким бар Афғонистон ба таври давомдор ба дунболи низомиёни пешин ҳастанд, то аз онҳо интиқом бигиранд.

Гурӯҳи Толибон моҳи августи соли 2021 пас аз фирори Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуд ва барои бори дувум қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Баробари ба қудрат расидани ин гурӯҳ, нерӯҳои 350-ҳазорнафарии Афғонистон аз ҳам пошид ва аслиҳа ва муҳимоти онҳо ба дасти Толибон афтод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG