Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як мард ба гумони таҷовузи духтари 14-сола дар Қирғизистон


Сокини 22-солаи деҳаи Арали вилояти Таласи Қирғизистон ба гумони таҷовуз ба номуси духтари 14-сола боздошт шудааст.

Дар Идораи пулиси Талас ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса 27-уми январи имсол рух дод. Наздикони ноболиғ 16-уми март шикоят кардаанд.

Мард духтарро ба мошини худ ба зурӣ савор карда, ба номусаш дастдарозӣ намудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Таҷовуз ба номус" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Бино ба ҳисоби Додситонии кулли Қирғизистон, соли гузашта ба гумони дастдарозӣ ба номуси ноболиғон 438 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG