Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Ваҳдатро барои "як дег ош" ҷазо додаанд


Як сокини шаҳри Ваҳдатро барои баргузор кардани маросими “чил”-и бародараш муҷозот кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат, Идибек Саидов сокини ҷамоати Чуянгаронро ба нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо айбдор ва барои омода кардани “як дег ош” дар маросими “чил”-и бародараш ҷарима кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар хабарномае рӯзи 18-уми март навишт, Идибек Саидов хилофи қонун моҳи январи соли равон 4 соат мардумро зиёфат додааст.

Бар асоси қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ додани таому забҳи чорво дар маъракаи азодорӣ, аз ҷумла "чил" манъ аст.

Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати сокини Ваҳдатро додситонии ин шаҳр баррасӣ ва ба додгоҳ ирсол кардааст. Назари Идибек Саидов, нафари ҷаримашуда ба ин қазия маълум нест.

Дар хабари Додситонӣ маблағи ҷарима оварда нашудааст. Аммо дар гузашта, барои нақзи қонуни танзим, махсусан баргузории маросими азодорӣ шаҳрвандонро 500 – 600 доллар ҷарима карда буданд.

Соли 2020 дар авҷи пандемия, мақомот хонаводаи як донишманди тоҷикро баъд аз ду моҳи фавташ аз коронавирус ба баргузории маросими "чил" айбдор ва тақрибан 6 ҳазор сомонӣ, (600 доллар), ҷарима кард. Хонаводаи шахси фавтида, ин иддаои мақомотро беасос хонда буданд.

Бино ба иттилои ахири Додситонии кулли Тоҷикистон, дар cоли 2022 барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим 1480 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Қонуни мазкур соли 2007 қабул шуд. Бар асоси ин санад, сокинон ҳақ надоранд, ба ҷашни арӯсӣ бештар аз 150 нафар меҳмон даъват кунанд ва ҷашн ҳам набояд аз 3 соат бештар бошад. Бо гузашти 15 сол аз қабули ин қонун баҳс бар сари иҷрои он дар ҷомеа ҳанӯз хомӯш нашудааст.

Агарчӣ мақомот бо бовар мегӯянд, ин санад боис ба сарфаи миллионҳо сомонии мардум шудааст, аммо гурӯҳе аз сокинону фаъолон дар Тоҷикистон аз эҷоди монеа дар маросими тую хурсандии худ норозиянд.

Охири соли гузашта, баҳс атрофи ин қонун дубора дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ зад ва гурӯҳе хоҳони ислоҳи ин қонун шуданд. Бархе пешниҳод карданд, ки тӯй то чор соат дароз ва маҳдудияти меҳмонон аз байн бурда шавад. Бархе ҳам гуфтанд, ин маҳдудиятҳо бояд пурра бардошта шаванд. Аммо мақомот гуфтанд, ниёзе ба тағйири қонун нест.

XS
SM
MD
LG