Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Тоҷикистону Узбекистон бозор месозанд. Нарх арзон мешавад? ВИДЕО


Бозор дар марзи Тоҷикистону Узбекистон
Бозор дар марзи Тоҷикистону Узбекистон

Дар марзи Тоҷикистону Узбекистон бозори қонунии наздисарҳадӣ бунёд мешавад. Ин аввалин чунин бозор баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар марзи ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд.

Бозори тиҷоратӣ ва боркашонӣ аз ҷониби як соҳибкори Узбекистонӣ дар ҳудуди ноҳияи Бешариқи вилояти Қуқанд сохта шуда, барои соҳибкорони ду минтақа хидмат хоҳад кард. Соҳибкорони минтақа мегӯянд, чунин марказ ба рушди тиҷорат ва коҳиши нархҳо таъсир мерасонад.

Рӯзи 13-уми март ҳокимони вилоятҳои Суғду Фарғона барои бунёди маркази тиҷоратию лужистикии “Андархон” санги асос гузоштанд. Қарор аст дар ин марказ маҳсулоте ба фурӯш бароварда шавад, ки дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсол шудаанд. Баъди шаш соли кушода шудани марзҳои ду кишвари ҳамсоя ин иқдом аз боризтарин намунаҳои ҳамкории иқтисодии минтақа дониста мешавад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Узбекистон, дар маросими гузоштани санги асос аз натиҷаи ҳамкориҳои ду кишвар гуфт: “Cоли гузашта ҳамкориҳои хеле хуб, созишномаҳо, қарордодҳо, ёддошти тафоҳум байни соҳибкорони Суғду Фарғона ба имзо расиданд ва боварӣ дорем, ки ин қарордодҳо амалӣ мешаванд. Боз ҳам ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ пеш мераванд ва дӯстии халқҳои тоҷику узбек боз ҳам мустаҳкамтар мешавад”.

Дар марзи Тоҷикистону Узбекистон бозор бунёд мекунанд. Нархҳо арзон мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Бозор дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон сохта мешавад, аммо қарор аст барои соҳибкорони ду кишвар нақши минтақаи озоди табодули молу маҳсулотро иҷро кунад.

Он дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, 200 дӯкон, бонк, ошхона, қаҳвахона, меҳмонхона ва анборҳоро фаро хоҳад гирифт. Соҳибкорон мегӯянд, барои бозоргир шудани маҳсулоташон имкониятҳои навро соҳиб хоҳанд шуд.

“Мо дар ҳамкори бо кишвари Кореяи Ҷанубӣ дастгоҳҳои тиббии ташхискуниро месозем ва барои беморхонаву қисмҳои низомӣ мефурушем. Мо аллакай чор сол боз фаъолият мебарем ва ба ғайр аз Узбекистон дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон низ ин дастгоҳҳоро истифода мебаранд. Мо мехоҳем дар оянда бо Тоҷикистон ҳам ҳамкорӣ кунем ва кори бародарони ҳамсояву дустамонро дар соҳаи тиб осон гардонем”--гуфт, Бунёд Ҳокимбеков, соҳибкор аз Узбекистон

Бахтиёр Мирзобаҳодуров, соҳибкор аз Тоҷикистон ҳам бар ин бовар аст, ки бо таъсиси бозори нави наздимарзӣ барои тоҷирони тоҷик имкониятҳои беҳтари соҳибкорӣ фароҳам мешавад.

“Ин минтақаи озоди калоне аст, ки Қӯқ анд, Фарғона, Марғелон, Намангон ва Андиҷонро аз ҷониби Узбекистон ва шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашту Хуҷандро аз ҷониби Тоҷикистон дарбар мегирад. Боҷи гумрукӣ, андоз, кори бонкӣ ва даромаду баромади маблағ ба Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон барои мо соҳибкорон соддатар карда мешавад.” -- афзуд, Бахтиёр Мирзобаҳодуров.

Тоҷикистону Узбекистон дар равобити байнидавлатӣ наздикии бесобиқа нишон медиҳанд. Таъсиси бозори нави марзӣ дар ҳолест, ки соли 2022 танҳо байни вилояти Суғду Ҷумҳурии Узбекистон ба бештар аз 200 миллион доллар додугирифти молӣ анҷом додааст.

Пас аз марги Ислом Каримов, раҳбарони ду кишвар даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд ва тасмим доранд, гардиши мол байни ду кишвар аз миллиард доллар ҳам гузарад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG