Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ мегӯяд, ҳафт ҷавони тоҷикро аз мадрасаҳои Эрон баргардонд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 7 ҷавонеро, ки дар донишгоҳҳои динии Эрон ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, ба кишвар баргардонидааст.

Дар як гузориши додситонӣ дар бораи риояти қонунҳо дар соли 2022, ки Радиои Озодӣ онро дид, омадааст, соли гузашта ду корманди додситонии кулл ба Эрон рафтанд, то маълум кунанд, ки онҷо чанд нафар ҷавони тоҷик дар мадрасаҳо ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғуланд.

Ба қавли додситонӣ, кормандони додситонӣ “58 нафар чунин толибилмонро муайян намуда” ҳафт нафари онҳоро ба Тоҷикистон баргардонидаанд. Дар гузориш омадааст, ки ин кор баъди мулоқоти Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷаъфари Мунтазирӣ муяссар шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки онҳо саъй доранд, донишҷӯёни боқимондаи тоҷикро, ки дар Эрон ғайриқонунӣ улуми динӣ мехонанд, ба кишвар баргардонанд. Юсуф Раҳмон моҳи феврали соли 2022 дар Теҳрон бо додситони кулли Эрон мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи байналмилалӣ, қочоқи маводди мухаддир баррасӣ кард ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни додситониҳои ду кишварро ба имзо расонд.

Дар 13 соли пеш баъди онки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, толибилмони тоҷик дар мадрасаҳои хориҷӣ ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ мегароянд, мақомот ба бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз мадрасаҳои динии хориҷӣ шуруъ карданд. Танҳо дар муддати 2 сол бештарро аз 3000 донишҷӯро аз Мисру Эрону Арабистони Саудӣ ва Покистону Афғонистон ба кишвар баргардонданд. То кунун ин кор идома дорад.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳадаф аз ин кор пешгирӣ аз зери таъсири ақоиди ифротии исломӣ мондани ҷавонони тоҷик аст ва танҳо онҳое бозгардонида мешаванд, ки ғайриқонунӣ рафтаанд. Мунтақидон ин кори ҳукуматро саъйи дигаре барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ меноманд, ки солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистонро барои ин кораш сахт танқид мекунанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико охири соли гузашта бо нашри гузориши солона дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон, Тоҷикистонро ҳамчунон дар радифи кишварҳои мояи нигаронии хос нигаҳ доштааст. Дар радифи кишварҳое, ки ба гуфтаи Амрико ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии мардумро помол ва ё маҳдуд мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG