Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани чор фаластинӣ. Исроил шарҳ дод


Намояндагони Фаластин гуфтанд, дар натиҷаи амалиёти артиши Исроил дар шаҳри Ҷенин дар Канораи ғарбии рӯди Урдун чаҳор фаластинӣ кушта шудааст.

Артиши Исроил гуфт, низомиҳо ду ҷангҷӯеро куштаанд, ки барои "фаъолиятҳои террористӣ" дар пайгард буданд.

Ба иттилои артиши Исроил, як нафари дигар ҳам кушта шудааст, ки талоши ҳамла ба сарбози Исроилро дошт. Низомиҳои Исроил гуфтанд, миёни онҳо ва фаластиниҳо даргирӣ рух дод.

Миёни кушташудаҳои фаластинӣ наврасӣ 16-сола низ ҳаст. Дар ин ҳодиса 20 фаластинии дигар маҷруҳ шудааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Фаластин, миёни кушташудаҳо аъзои баландмақоми гуруҳҳои "Ҷиҳоди исломӣ" ва "Ҳамос" Нидал Хазем ва Юсуф Шрим будаанд.

Аз ибтидои имсол рӯёрӯӣ миёни фаластиниҳо ва нерӯҳои Исроил дар Канораи ғарбии рӯди Урдун афзудааст. Дар моҳҳои охир дар натиҷаи амалиёти артиши Исроил бештар аз 80 фаластинӣ ва дар натиҷаи ҳамлаи фаластиниҳо 13 исроилӣ кушта шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG