Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ғолиби қаҳрамонии CAFA шуд, вале Тоҷикистон ҳарсе бозиро бохт


Мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) 16-уми март дар Ҳисор бо пирӯзии дастаи мунтахаби занонаи Узбекистон (U-17) ба анҷом расид.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳарсе бозӣ ба дастаҳои Эрон (4:1), Қирғизистон (3:0) ва Тоҷикистон (5:0) ғолиб омад, мақоми аввалро касб карда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило мукофотонида шуд.

Мунтахаби Эрон, ки бо шаш имтиёз ҷойи дувумро соҳиб шуд, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Медалҳои биринҷӣ насиби мунтахаби Қирғизистон гардид, ки бо се имтиёз ҷойи севумро гирифт.

Вале дастаи мунтахаби духтарони то 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Фарҳод Холбеков дар ҳарсе бозиаш аз тимҳои Қирғизистон (0:4), Эрон (0:7) ва Узбекистон (0:5) шикаст хӯрда, бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шуд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот ҷоизаи «Fair Play» («Бозии соф») ба тими Эрон супурда шуд. Ба дастаи Тоҷикистон ҷоизаи вижа тақдим гардид. Ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқотро бозигари мунтахаби Эрон Сомеа Исмоилӣ (4 гол) соҳиб шуд. Бозигари аз ҳама судманди қаҳрамонии CAFA-2023 капитан ё сарвони мунтахаби Узбекистон Асалхон Аминҷонова эътироф гардид.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2023 миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:4

Узбекистон – Эрон – 4:1

Даври 2-юм

Қирғизистон – Узбекистон – 0:3

Эрон – Тоҷикистон – 7:0

Даври 3-юм

Эрон – Қирғизистон – 2:0

Тоҷикистон – Узбекистон – 0:5

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

Узбекистон

3

3

0

0

12-1

9

2

Эрон

3

2

0

1

10-4

6

3

Қирғизистон

3

1

0

2

4-5

3

4

Тоҷикистон

3

0

0

3

0-16

0

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG