Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Қазоқистон як шаҳрванди Русияро як сол ҳабс кард


Қазоқистон
Қазоқистон

Додгоҳе дар Қазоқистон Дмитрий Козак, шаҳрванди 19-солаи Русияро барои як сол ба ҳабс гирифт.

Боздошти Козак бо дархости Русия анҷом шудааст. Дар Русия ӯро ба пуштибонии терроризм муттаҳам мекунанд. Русия ҳамзамон истирдоди Козакро хостааст.

Дар бораи боздошти Козак расонаҳои Қазоқистон 9-уми феврали имсол хабар доданд. Он замон Русия Козакро дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ дода карда буд.

Дмитрий Козакро барои шарҳе дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" дар бораи худкушии Михаил Жлобитский ба сафедсозии терроризм айбдор кардаанд.

Жлобитский соли 2018 худро дар бинои Хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилояти Архангели он кишвар тарконд.

Козак аз Қазоқистон дархости паноҳандагӣ карда буд. Дар Кодекси ҷиноии Қазоқистон моддаи сафедсозии терроризм мавҷуд нест. Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ умед доранд, ки дар ниҳоят Қазоқистон ба Козак паноҳандагӣ хоҳад дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG