Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Дар Лаҳистон як шабакаи ҷосусии Русияро хунсо карданд


Маъмурони Оҷонси амнияти дохилии Лаҳистон шаш шаҳрванди хориҷиро ба гумони ҳамкорӣ бо мақомоти махсуси Русия боздошт карданд.

"Боздоштшудаҳо ба тахрибкорӣ дар Лаҳистон омодагӣ медиданд," -- хабар доданд дар Оҷонси амният.

Кормандони ин оҷонс дар роҳҳои оҳани Лаҳистон дурбинҳои назоратиеро кашф карданд, ки ҳаракати қатораҳоро сабт ва маълумотро ба интернет мефиристодаанд.

Ба навиштаи расонаҳои Лаҳистон, дурбинҳо ба вижа дар роҳҳои оҳани самти Украина насб шуда буданд.

Мақомоти Лаҳистон гуфтанд, ҷузъиёти қазияро дертар шарҳ медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG