Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми Осиё


Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов 15-уми март ба шаҳри Даммоми Арабистони Саудӣ сафар кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 15-уми июн то 2-юми июл дар Тайланд баргузор мешавад, дар Даммом ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимию тамринӣ баргузор мекунад.

Ба ин ҷамъомад, ки то 30-юми март доир мешавад, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов 27 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст. Дар Арабистони Саудӣ футболбозони навраси тоҷик якчанд бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тавассути қуръакашӣ, ки 30-юми март дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир мегардад, маълум хоҳанд шуд.

Баъди натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон дар Тайланд чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон- 2023 дар Перу мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Сунатулло Исмоилов, Муҳаммад Абдулҳадов, Абубакр Маҳмудов;

Ҳимоятгарон: Баракатулло Неъматуллозода, Шеравган Саидов, Қамариддин Ғаффорзода, Диловар Ҷамшедзода, Рустам Камолов, Амири Фарҳод;

Нимҳимоятгарон: Абубакр Саидов, Меҳрубон Ҳамидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтовар Ғаюров, Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абдусатторӣ, Муҳаммад Қурбонов, Ҷовидон Хушвахтов, Миқдод Розиқов, Хоҷӣ Абдуманон, Шаҳбон Наимов, Муродҷон Ҷалилзода, Шерзод Қаҳҳоров;

Ҳамлагарон: Ориёнмеҳри Нуриддин, Билол Бобоев, Раббонӣ Камолов, Масрур Ғаюров, Юнус Исматуллоев.

Сармураббӣ – Раҳматулло Фузайлов

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG