Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд микрофони ҳаҷвнигори русро хомӯш карданд


Ҳаҷвнигори рус Данил Поперечний.
Ҳаҷвнигори рус Данил Поперечний.

Ҳаҷвнигори рус Данил Поперечний мегӯяд, аснои барномаи ҳунарӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон "вақте гап дар бораи мавзуъҳои доғ мерафт", микрофонаш хомӯш мешуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳатто аз барномаи консертии ӯ ҳаҷве бо калимаи "Русия" бурида шудааст. Шоҳидон гуфтанд, вақте Поперечний суҳбатро дар бораи президенти Русия Владимир Путин, сиёсат ва ҷанг оғоз кард, микрофонаш хомӯш шуд.

"Дар ниҳоят бо дастури мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ камаш 50 дақиқаи баромад "қайчӣ" карда шуд. Худро дар ватан эҳсос кардам", - изҳор дошт ҳаҷвнигор.

Вай аз тамошобинон узр пурсида, гуфт, омодааст, ки пули билеташонро баргардонад.

Данил Поперечний баъд аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина ба далели таҳдидҳо ва тарс аз боздоштшавӣ кишварро тарк кард. Ӯ ҳоло дар баъзе аз кишварҳо барномаҳои нави худро баргузор мекунад ва қарор аст, баъд аз Тошканд дар Туркия ду консерт диҳад.

Вай борҳо дар тазоҳуроти мухолифони Русия иштирок ва Путину мансабдорҳои дигарро танқид кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG