Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳосилот" барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шуд


Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо ширкати бошгоҳҳои лигаи олии кишвар 15-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пирӯзии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ба анҷом расид.

Дар бозии ниҳоӣ «Ҳосилот» бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд рақобат кард. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум ҳимоятгари «Хуҷанд» Тони Бикатал кушод. Дар охири бозӣ Наврӯз Рустамов аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро баробар намуд. Аз рӯи силсилаи пеналти «Ҳосилот» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, бо Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ва медалҳои тило сарфароз гашт. Ба футболбозони «Хуҷанд» медалҳои нуқра супурда шуд.

Медалҳои биринҷӣ насиби бозигарони дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд гардид, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд. Голҳоро Дилшод Бозоров ва Дилшод Каримов заданд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023

Финал

«Хуҷанд» – «Ҳосилот» – 1:1. Аз рӯи пеналти – 2:3

Голҳо: Тони Бикатал, 25 (1:0). Наврӯз Рустамов, 90+4 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Бобоев («Ҳосилот»).

15-уми март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-1». 100 тамошобин.

Бозӣ барои ҷойи сеюм

«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата» – 0:2

Голҳо: Дилшод Бозоров, 31 (0:1). Дилшод Каримов, 90+3 (0:2).

Аз майдон хориҷ шуданд: Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), 64 – барои таҳқири рақиб, Соҳибҷон Ҳакимов («Эсхата»), 64 – барои таҳқири рақиб.

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Эсхата»).

15-уми март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-2». 100 тамошобин.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон сар аз соли 2019 бори панҷум баргузор шуд. Аввалин барандаи Ҷом КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе мебошад. Соли 2020 ин ҷоиза насиби дастаи “Истаравшан” шуда буд. Соли 2021 дастаи “Файзканд”-и Восеъ, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон гардид.

Соли гузашта ин мусобиқа бо пирӯзии дастаи “Хатлон”-и Бохтар ба поён расид. Дар финал «Хатлон» бо «Равшан»-и Кӯлоб рақобат кард. Замони асосии бозии ҳалкунанда бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналти кори футболбозони «Хатлон» омад кард ва онҳо бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд.

XS
SM
MD
LG