Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳри махфии "Парвандаи Кампиробод"-ро бекор карданд


Ин афродро дар доираи парвандаи "Кампиробод" дастгир кардаанд
Ин афродро дар доираи парвандаи "Кампиробод" дастгир кардаанд

Додгоҳи Бишкек шикояти вакили мудофеъ Кантемир Турдалиевро қисман қонеъ кард. Ба ин тартиб, муҳри махфӣ аз парвандаи маъруф ба "Кампиробод" бердошта шуд.

Ба иттилои Турдалиев, муҳри махфӣ бояд аз парвандаҳое бардошта шавад, ки дар онҳо сирри давлатӣ вуҷуд надорад.

"Тафтишот ҳақ дорад, парвандаҳоеро махфӣ эълом кунад, ки дар онҳо сиррӣ давлатӣ мавҷуд аст. Ман аз он шикоят кардам, ки тафтишот мехост, ҳамаи парвандаҳоро то поёни тафтишот махфӣ эълом кунад. Додгоҳ шикояти маро қисман қонеъ кард", - гуфт Турдалиев.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, аз ин баъд ҳамаи муҳокимаҳои додгоҳии парвандаи мазкур бояд ба таври кушод баргузор шаванд.

Рӯзи 22-юми октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23-юми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 фаъолу сиёсатмадор боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 17-уми декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”.

Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG