Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Meta мавҷи дувуми ихтисори кормандонашро шуруъ мекунад


Ширкати Meta Platforms, соҳиби шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва паёмрасони Whatsapp эълон кард, ки ба ихтисори 10 ҳазор кормандаш омода мешавад. Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2022 ширкати мазкур 11 ҳазор кормандро ихтисор карда буд.

Марк Сукерберг, роҳбари ширкати Meta Platforms, дар муроҷиатномааш ба кормандон навишт, ихтисор "сангин" хоҳад буд.

Роҳбарияти ширкат ҳамзамон аз қабули кормандони нав барои 5 ҳазор ҷойи холии кор худдорӣ варзидааст.

Сукерберг гуфт, дар соли 2022 вақте даромади Meta ҷиддан коҳиш ёфт, ин барои ширкат "паёми ҳушдордиҳанда ва нигаронкунанда буд". Ба бовари вай, воқеияти нави иқтисодӣ солҳои дароз хоҳад монд.

Пештар дар Meta гуфта буданд, ки даромади ширкат дар семоҳаи охири соли 2022 чаҳор дарсад кам шудааст. Даромади умумии ширкат дар соли гузашта дар маҷмуъ ба бештар аз 23 миллиард доллар расидааст.

Ихтисори кормандон аз ширкат марҳила ба марҳила то охири имсол сурат мегирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG