Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду варзишгар аз Тоҷикистон дар марафони Тошканд ҷоизаи молӣ гирифтанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи V байналмилалии Tashkent Marathon, ки рӯзи 12-уми март дар майдони маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»-и пойтахти Узбекистон зери борони сахт баргузор шуд, варзишгарон аз 32 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, иштирок карданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи варзиши сабуки Узбекистон хабар додааст, дар ин чорабинии пурнуфузи варзишӣ варзишгарони ҳирфаӣ ва ҳаваскор ширкат варзида, дар давидан ба масофаҳои 3, 10, 21 ва 42 км рақобат карданд.

Адҳам Икромов, вазири сиёсати ҷавонон ва варзиши Узбекистон, дар маросими ифтитоҳи марафон гуфтааст, ки ба ҳавои номусоид нигоҳ накарда, дар майдон ҳудуди 5 ҳазор нафар ҷамъ омаданд. International Tashkent Marathon ба тақвими чорабиниҳои World Athletics дохил буда, яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалии варзишӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқаи V байналмилалии Tashkent Marathon наздики 260 млн суми узбекиро ташкил медод. Барои ғолиби марафон 30 млн сум (барои ҷойи II – 20 млн. сум, ҷойи III - 15 млн сум, ҷойи IV – 10 млн сум, ҷойи V – 8 млн сум, ҷойи VI – 5 млн сум) муқаррар шуда буд.

Барои ғолиби ниммарафон 20 млн сум (барои ҷойи II – 15 млн сум, ҷойи III - 12 млн сум, ҷойи IV – 8 млн сум, ҷойи V – 6 млн сум, ҷойи VI – 4 млн сум) супурда шуд.

Барои ғолиби пойга ба масофаи 10 км 6 млн сум (барои ҷойи II – 4 млн сум, ҷойи III - 2 млн сум) тақдим гардид. Ғолибони пойга ба масофаи 3 км туҳфаҳои қиматнок гирифтанд.

Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ Тоҷикистонро панҷ варзишгар – Уляна Кузминова, Раҷабмо Абдуллоева, Зулҳиҷа Ғаффорзода миёни занон ва Самариддин Азимов, Меҳробҷон Одинаев байни мардон намояндагӣ карданд.

Аз байни онҳо ду нафар - Уляна Кузминова ва Раҷабмо Абдуллоева натиҷаҳои хубтар нишон дода, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд. Уляна, ки феълан дар Русия ба сар мебарад, дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, дар ниммарафон (21 км) бо натиҷаи 01:26:46.570 мақоми чаҳорумро касб кард. Дар ин навъи рақобатҳо Раҷабмо бо натиҷаи 01:30:53.810 ҷойи панҷумро гирифт.

Дар ин мусобиқот мизбонон – варзишгарони Узбекистон - дар шаш навъи рақобатҳо ва намояндагони Қирғизистон дар ду намуд пирӯз шуданд.

Ғолибони мусобиқаи V байналмилалии Tashkent Marathon 2023

Марафон

Уткиров Бахтиёр (Узбекистон) – 2:20:14

Сатторова Гулшаной (Қирғизистон) – 2:46:34

Ниммарафон

Давлатов Шоҳрух (Узбекистон) – 1:03:41

Ануска Халил қизи (Қирғизистон) – 1:15:52

10 километр

Байматов Бекзод (Узбекистон) – 34:19

Ҳамидова Ситора (Узбекистон) – 39:42

3 километр

Аҳмадов Диёрбек (Узбекистон) – 9:16

Силченкова Анастасия (Узбекистон) – 10:27

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG