Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Низомиддин Насриддинов, фаъоли сиёсии тоҷик дар Беларус


Низомиддин Насриддинов соли 2017 дар нишасти САҲА худро узви "Гуруҳи 24" муаррифӣ кардааст
Низомиддин Насриддинов соли 2017 дар нишасти САҲА худро узви "Гуруҳи 24" муаррифӣ кардааст

Мақомоти интизомии Беларус як фаъоли мухолифони тоҷикро боздошт кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Беларус мегӯянд, ба Низомиддин Насриддинови 35-сола хатари истирдод ба Тоҷикистон ва шиканҷаву бадрафторӣ таҳдид мекунад.

Дар боздоштгоҳи Гродно

Энира Бронитская аз созмони Human Constanta рӯзи 14-уми март ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки Насриддинов 8-уми январи имсол ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир шуда, "аз он замон то ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно аст".

Ба қавли ӯ, Додситонии кулли Тоҷикистон истирдоди Насриддиновро талаб карда, Додситонии кулли Беларус рӯзи 21-уми феврал розӣ шудааст.

Низомиддин Насриддинов, ки соли 2017 дар суханронияш дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо худро узви "Гурӯҳи 24" муаррифӣ кард, аз моҳи октябри соли 2015 дар Олмон мезист. Мақомоти он кишвар ба ӯ ва оилааш санади паноҳандагӣ додаанд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24", гуфт, "ӯ аз соли 2018 узви созмони мо нест". Ин манбаъ афзуд, "Насриддинов вақтҳои охир ба тиҷорати мошин машғул буд ва ҳамин кораш ӯро ба Беларус бурд". Чизе, ки ба гуфтаи Бронитская, "бархе дигарандешони сиёсӣ ҷиддӣ намегиранд ва ба чунин ҳолат дучор мешаванд".

Моддаи 307

Мавқеи расмии ҷониби Тоҷикистон дар бораи Низомиддин Насриддинов ва қазияи ӯ маълум нест.

Энира Бронитская аз созмони Human Constanta ба Радиои Озодӣ гуфт, Низомиддин Насриддинов дар Тоҷикистон ба "даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ" (моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст.

"Мо намедонем, парванда кай боз шудааст. Ин маълумот вуҷуд надорад, аммо дар парванда навиштаанд, ки ӯ дар Фейсбук маводи вобаста ба ҲНИТ-ро нашр карда, дар YouTube ҳам кадом видеоеро дар бораи президенти Тоҷикистон гузоштааст," – шарҳ дод ӯ.

Ҳомии ҳуқуқ афзуд, ҳароси онҳо аз ин ҷост, ки моддаи монанд ба “307”-и Тоҷикистон баъд аз соли 2020 дар қонунҳои Беларус ҳам пайдо шуда, хатари ба Душанбе супурдани Низомиддин Насриддинов ва фаъолони дигари сиёсиро бештар мекунад.

Баъд аз интихоботи баҳсбарангези соли 2020 ва саркӯби эътирозгарон дар Беларус қонунгузории ин кишвар муҷозоти норозиёну дигарандешонро сахттар кард. Дар ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина ҳам раҳбари худкомаи Беларус Алексендр Лукашенко аз Владимир Путин пуштибонӣ дорад.

"Паноҳандагияшро ба назар нагирифтанд"

"Миёни Беларус ва Тоҷикистон созишномае ҳаст, ки мутобиқати моддаҳои ҷиноиро дар қонунгузории ду кишвар месанҷад. Ҳоло онҳо мутобиқати моддаи "307"-и Тоҷикистонро бо моддаи "361"-и Беларус ёфтаанд," – афзуд Энира Бронитская.

Ҳуқуқдон гуфт, Додситонии кулли Беларус танҳо ҳаминро ба инобат гирифта, паноҳандаи сиёсӣ буданашро дар Олмон сарфи назар намудааст. Худи Насриддинов дар суҳбат бо муфаттишони беларусӣ гуфтааст, "дар Тоҷикистон бо мурофиаҳои ноодилона ва таҳдиди шиканҷа рӯбарӯ аст; чандин хешашро истирдод ва ҳабс кардаанд", вале ҳеч далели ӯ, ба қавли ҳуқуқшинос, ба инобат гирифта нашуд.

Низомиддин Насриддинов аз қарори Додситонии кулли Беларус шикоят кардааст. Интизор меравад, даъвои ӯро 30-юми марти имсол дар додгоҳи вилоятии Гродно баррасӣ кунанд. Умеди тими ҳомиёни ҳуқуқи Насриддинов ин аст, ки ин навбат далели ҳукумати Олмон дар бораи ҳаққи паноҳандагии ин шаҳрванди Тоҷикистон ба назар гирифта хоҳад шуд.

Дар гузашта ҳам чанд мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон дар Беларус боздошт ва бо хатари истирдод рӯбарӯ шудаанд:

  • Шабнам Худойдодова аз июни 2015 то феврали 2016 дар боздоштгоҳе дар Беларус буд ва ниҳоят озод ва дар Лаҳистон (Полша) паноҳанда шуд.
  • Фарҳод Одинаев, мунтақиди дигари ҳукумат, соли 2019 баъд аз 41 рӯзи ҳабс дар Беларус озод шуда ва ба Аврупо рафт.
  • Футболбози тими "Хайр"-и Ваҳдат Парвиз Турсунов, ки бо риши дарозаш маъруф буд, баъд аз ду моҳи боздошт дар Беларус озод ва ба Украина кӯчид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG