Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайфулло Соибов аз ҳукми қатл эмин монд, вале ҳабси якумрӣ мешавад


Сайфулло Соибов
Сайфулло Соибов

Сайфулло Соибов, як муҳоҷири узбек, ки дар Амрико ба куштани 8 нафар гунаҳкор дониста шуд, аз ҳукми қатл эмин монд, вале ба ҳабси абад маҳкум хоҳад шуд.

Рӯзи 13-уми март ҳангоми ҷаласа на ҳамаи ҳайати додрасҳо ба эълони ҳукми қатл ба Сайфулло Соибов розӣ шуданд. Ба ин сабаб, ҳукми ниҳоии ӯ зиндони якумрӣ ва бидуни авф мешавад.

Сайфулло Соибов, ки вафодориашро ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” эълон кардааст, соли 2017 мошини хурди боркашро ба байни издиҳоми мардум равон кард ва 8 нафарро кушт.

Соибови 35-сола ҳукми худро дар зиндони Супермакси Колорадо, яке аз зиндонҳои мустаҳкамтарини Амрико адо мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG