Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз се ҳазор қазоқ аз гӯшаҳои дунё ба ватани худ баргаштанд


Дар интизори бозгашти қазоқҳо аз Туркманистон. Вилояти Мангистау, моҳи майи соли 2021
Дар интизори бозгашти қазоқҳо аз Туркманистон. Вилояти Мангистау, моҳи майи соли 2021

Зиёда аз се ҳазор қазоқ аз ибтидои сол аз саросари дунё ба Қазоқистон омада, соҳиби мақоми "кандаса" шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, то 1-уми марти соли 2023-юм 3134 қазоқтабор ба ватани таърихиашон баргашта, соҳиби мақоми "кандаса" шудаанд.

Нисфе аз баргаштагон аз Узбекистон, 16,3 дарсад аз Чин, 15,9 дарсад аз Русия, 8,4 дарсад аз Туркманистон, 4,5 дарсад аз Муғулистон ва 4,9 дарсад аз кишварҳои дигар омадаанд.

Ба иттилои вазорати меҳнати Қазоқистон, дар соли 2022 аз саросари дунё наздик ба 18 ҳазор қазоқтабор ба ватани таърихиашон кӯчида буданд.

Дар маҷмуъ аз соли 1991 то ин замон ба Қазоқистон 1 миллиону 110,1 ҳазор қазоқтабор ба ватани таърихиашон кӯч бастаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG