Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ба нимфинали Ҷоми Осиё (U-20) роҳ ёфтанд


Чаҳор дастаи мунтахаб – Узбекистон, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон - ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни футболбозони то 20-сола роҳ ёфтанд.

Бозиҳои чорякниҳоии мусобиқот дар Узбекистон рӯзҳои 11-12-уми март баргузор шуданд. Ғолиби гурӯҳи “А” - Узбекистон - бо дастаи дуюми гурӯҳи “В” – Австралия – рақобат кард. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ба голи австралиягӣ Габриэл Попович дар дақиқаи 77-ум, баъди ду дақиқа бозигари мунтахаби Узбекистон Зафармурод Абдураҳматов посух дод. Аз рӯи силсилаи пеналти мизбонон бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.

Ғолиби гурӯҳи “В” - Эрон бо дастаи дуюми гурӯҳи “А” – Ироқ – вориди рақобат шуд. Голи ягона ва пирӯзиоварро дар дақиқаи 91-ум Алӣ Ҷассими ироқӣ ба самар расонид.

Дар ду бозии дигари чорякниҳоӣ ғолиби гурӯҳи “С” – Кореяи Ҷанубӣ дастаи дуюми гурӯҳи “D” – Чинро бо ҳисоби 3:1 ва ғолиби гурӯҳи “D” - Ҷопон дастаи дуюми гурӯҳи “С” – Урдунро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд.

Ҳамин тариқ, дар нимфинал рӯзи чоршанбеи 15-уми март Ироқ бо Ҷопон ва Узбекистон бо Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» дар Тошканд дар бозии аввал аз тими Урдун бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда, дар бозии дуюм тими Умонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард ва бозии сеюмро бо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Дар гурӯҳи “С” дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо касби 7 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дастаи Урдун, ки 4 имтиёз гирифт, ҷойи дуюмро азони худ кард ва ба чорякфинал баромад.

Мунтахаби Тоҷикистон низ 4 имтиёз ба даст овард, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо, инчунин аз сабаби онки бозиро ба Урдун бохта буд, дар зинаи сеюм қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гашт.

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, баъди анҷоми бозиҳо гуфт, “мутаассифона, мо дар ин мусобиқа аз уҳдаи иҷрои вазифаи худ набаромадем. Сабаби ба чорякфинал роҳ наёфтани даста ин бохти мо дар бозии аввал аз тими Урдун мебошад."

Бояд гуфт, чаҳор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 ба қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 20-сола, ки моҳҳои май-июни имсол дар Индонезия доир мегардад, роҳхат гирифтанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бори панҷум дар қаҳрамонии Осиё ширкат варзид. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби Тоҷикистон роҳ ёфтан ба чорякфинали ду мусобиқоти охир дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) мебошад.

Зимнан, дар Ҷоми Осиё-2018 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври чаҳорякниҳоӣ аз мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд. Кореягиҳо дар финал аз мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)

Чорякфинал

11 март (шанбе)


Эрон - Ироқ - 0:1

Гол: Алӣ Ҷассим, 91.

Тошканд, варзишгоҳи «Жар».

Узбекистон - Австралия - 1:1 (5:4 – аз рӯи силсилаи пеналти)

Голҳо: Зафармурод Абдураҳматов, 79 - Габриэл Попович, 77.

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор».

12 март (якшанбе)

Кореяи Ҷанубӣ - Чин - 3:1

Голҳо: Ким Йонг Хак, 62 (аз пеналти), Сон Ҷин-Ён, 100, Чхве Сок-Хюн, 105 - Мутеллип Имингари, 48.

Тошканд, варзишгоҳи «Жар».

Ҷопон - Урдун - 2:0

Голҳо: Иса Сакамото, 54, Наоки Кумата, 70.

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив».

Нимфинал

15 март (чоршанбе)

Ироқ Ҷопон

Тошканд, варзишгоҳи «Жар», 16:00.

Узбекистон – Кореяи Ҷанубӣ

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор», 20:00.

ФИНАЛ

18 март (шанбе)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG