Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсарони амрикоӣ сарбозони тоҷикро тарзи ҷанг дарс доданд


ИМА аз тариқи чанд барнома сарбозону афсарони тоҷикро омӯзиш медиҳад ва ба нерӯҳои марзбонӣ кумак мекунад.
ИМА аз тариқи чанд барнома сарбозону афсарони тоҷикро омӯзиш медиҳад ва ба нерӯҳои марзбонӣ кумак мекунад.

Се афсари Горди миллии Амрико муддати як ҳафта ба сарбозони тоҷик дар Душанбе усулҳои ҷанг дар шароити шаҳрро омӯзиш додаанд.

Дафтари матбуоти Горди миллии Амрико дар аёлати Вирҷиния рӯзи 9-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки афсарони собиқадори амрикоӣ ба афсарони тоҷик, “гаштзанӣ ва усулҳои амалиёт дар маҳаллаҳои шаҳрӣ”-иро тамрин додаанд. Дар баёнияи омадааст, ки “ҳар се мураббӣ аз Горди миллии Вирҷиния 55 собиқаи таҷрибаи амалиёт дар воҳидҳои пиёданизом ва таҷрибаи амалиёт дар кишварҳои хориҷиро доштаанд.”

Табодули таҷриба миёни сарбозони амрикоӣ ва тоҷик бар асоси як барномаи ҳамкории дуҷониба аз соли 2003 сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG