Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико таҳримҳоро алайҳи "Bereke Bank" бекор кард


Вазорати молияи Амрико 8-уми март гуфт, бонки қазоқистонии "Bereke Bank"-ро, ки қаблан ба "Сбербанк"-и Русия тааллуқ дошт, аз рӯйхати таҳримшудаҳо берун кард.

Қаблан Раёсати назорати маблағҳои хориҷӣ (OFAC)-и Вазорати адлияи Амрико ин бонкро огаҳ карда буд, ки аз Конгресс дархост кардааст, аз феҳристи таҳримшудаҳо хориҷ кунад.

Вазорати молияи Амрико ҳам гуфта буд, ширкати "Байтерек" моҳи сентябри соли гузашта дархост кардааст, то собиқ бахши "Сбербанк"-и Русия дар Қазоқистонро аз рӯйхати таҳримшудаҳо берун кунад. Зеро ин бонк дигар тобеи "Сбербанк" нест.

Ба иддаои вазорат, масъулони "Bereke Bank" ваъда додаанд, ки бо фаъолиятҳои манъшуда машғул нахоҳанд шуд ва дар сурати талаби Конгресс маълумоти заруриро пешниҳод мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG