Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон аз модарон хост, ҷилави фарзандонро бигиранд


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз модарон хостааст, монеи пайвастани фарзандон ба гурӯҳҳои ифротӣ бишаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ин ҳарфро рӯзи 7-уми март дар паёми табрикиаш ба муносибати Рӯзи модар дар Тоҷикистон, ки ҳар сол 8-уми март таҷлил мешавад, баён кард.

Ӯ шароити минтақа ва ҷаҳонро “мураккабу ҳассос” номид ва аз модарон хост, бо фарзандон ҷиддӣ муносибат кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо нафарро ба гумони тундгароӣ боздошту зиндонӣ мекунанд. Дар сафи гурӯҳҳои тундрав дар хориҷ аз Тоҷикистон низ исми зодагони Тоҷикистон садо медиҳад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, мақомоти тоҷик иттиҳоми тундгароиро барои саркӯби дигарандешон ҳам истифода мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта ҳафт блогеру журналисти тоҷикро боздошту зиндонӣ карданд, ки бештарашон ба ифротгароӣ айбдор шуда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG