Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиҳаи ниҳоии Конститутсияи нави Узбекистон омода шудааст


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 6-уми март дар робита ба пешниҳодҳо барои даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бо вакилони порлумон ва раҳбарияти Додгоҳи олии ин кишвар мулоқот кард.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ дод, ки вакилони порлумони он кишвар беш аз 200 ҳазор пешниҳоди ҷомеаро омӯхта, таҷрибаҳои байнулмилалиро низ ба инобат гирифтаанд.

Дар натиҷаи омӯзиши пешниҳодҳо гузинаи ниҳоии лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Узбекистон таҳия шудааст.

“Лоиҳаи қонун тағйироти муҳимтаринро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва идораи давлатиро дар бар мегирад”, - афзудааст хадамоти матбуотии Мирзиёев.

Дар сурати қабули Конститутсияи нав дар Узбекистон президенти амалкунанда Шавкат Мирзиёев ҳақ пайдо мекунад, ки бори дигар дар интихоботи президентӣ ширкат варзад.

"Раъйпурсӣ охири моҳи март - аввали моҳи апрели соли 2023 дар назар дошта шудааст. Баъди таҷлили Наврӯз", - хабар додааст яке аз манбаҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ дар мақомоти Узбекистон.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG