Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон 11 май муайян мешаванд


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Рақибони дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тибқи қуръакашӣ, ки рӯзи 11-уми май дар Доҳаи Қатар баргузор мешавад, маълум хоҳанд шуд.

Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзад. Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё 24 даста иштирок мекунад.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба 6 гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд. Ба даври 1/8- ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аз ҳар гурӯҳ ду даста, инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм роҳ меёбанд.

Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни тимҳои миллӣ аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, дар даҳаи ахири моҳи март ду бозии дӯстона баргузор мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 25-уми март дар шаҳри Дубай бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад. Баъдан 28-уми март тими миллии Тоҷикистон дар шаҳри Ал-Кувайт бо мунтахаби Кувайт рақобат мекунад.

Ин бозиҳои дӯстона барои мунтахаби миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё маҳсуб мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG