Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бовар дорем, рӯзе ба хона бармегардем". Зиндагии оилаи паноҳҷӯёни украинӣ дар Амрико. ВИДЕО


Дар як соли ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина миллионҳо сокини мулкии ин кишвар маҷбур шуданд тарки ватан карда дар кишварҳои гуногун паноҳҷӯӣ кунанд.

Агар бахши калони паноҳҷӯён ба Аврупо рафта бошанд, як қисмашон то Амрико расиданд. Гузориши Садои Амрикоро дар бораи як оилаи паноҳҷӯёни украинӣ ҳамкорам ... тақдим мекунад

Хонаводаи Ироденко ба Денвер дар доираи барномаи “Муттаҳидӣ ба хотири Украина”-и ҳукумати Амрико омад. Онҳо ба хотири писари 8-солаашон Захарий роҳи дарозеро аз Лвов ба Полша ва аз Олмон ба Амрико тай карданд.

Наталия Ироденко, модари Захарий дар сӯҳбат ТВ “Садои Амрико” гуфт: “Барои мо писарамон муҳимтар аз ҳама чизи дигар буд. Шодем, ки бо мардум муошират мекунем. Албатта, ӯ дӯстонашро ёд мекунад, вале вақте баъди мактаб ӯро шод мебинем, мо ҳам хурсанд мешавем”.

Худи Захарий мегӯяд, вақте панҷ моҳ пеш ба Амрико расиданд, аслан ба забони англисӣ гап намезад. Вале ҳоло аз он шод, ки бо кӯмаки омӯзгори ғамхоре метавонад баробари ҳамсинфони дигараш дарс хонад. Ӯ гуфт: “Омӯзгори беҳтаринам Хонум Кендол аст, чунки бисёр ёрӣ мекунад. Ӯ меҳрубон ва бомасъулият аст”.

Ироденко дар бораи фирор аз ҷангу таҳсил дар Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Наталия Ироденко мегӯяд, пеш аз ҷанг дар Украина ба ҳайси муҳосиби ширкати швейсарии Nestle кор мекард ва ним сол пеш бо кӯмаки ҳамин ширкат барои кор ба дафтари он дар шаҳри Денвер қабул шуд. Ӯ мегӯяд, зиндагӣ дар кишвар ва макони нав як чолиш аст, вале боз ҳам созмону инсонҳои хайрхоҳе мушкили онҳоро осон мекунанд. Ӯ мегӯяд, “Ҳама чиз нав аст ва агар касеро нашиносӣ, ҷое рафтан мушкил аст. Мо шодем, ки соҳиби хона бе пешшарт ба иҷора розӣ шуд. Мо ҳатто намедонистем, ки бояд таърихчаи қарзгирии бонкӣ дошта бошем. Инчунин, масъалаҳои мисли хариди мошин, пайдо кардани мактаб, гирифтани шаҳодатномаи ронандагиву дигар санадҳо”. Ӯ мегӯяд, то одат кардан ба зиндагӣ дар Амрико хайрхоҳон ба оилаҳои мисли онҳо паноҳҷӯён ёрӣ мерасонанд.

Аз ҷумла, бо ёрии ингуна ихтиёриҳо ва ҳам дӯстонашон оилаи Ироденко зуд хонае ба иҷора ёфту калисои маҳаллӣ бо мебел ёрӣ кард. Олеҳ Ироденко, падари ин хонавода дар як фурӯшгоҳи мошин кор ёфт. Ба гуфтаи ӯ, баъди як моҳи ба Амрико кӯчиданашон худи ширкат ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо ва кор пешниҳод кард. Танҳо мушкили ӯ надонистани забон аст, вале, тавре худаш мегӯяд, “онҳо одамони хубанд ва мо ҳам бо як роҳе якдигарро мефаҳмем”.

Зоҳиран, омӯхтани забони барои ин оила ҳоло як масъалаи асосӣ аст, чун шароити дигари кору таҳсилро аллакай фароҳам кардаанд. Вале Захарий мегӯяд, бовар дорад, ки рӯзе ҳатман сулҳ мешавад ва ӯ ҳам ба хона меравад. Ӯ мегӯяд: “Мехоҳам ҳарчи зудтар ба Украина равам. Ҳар шанбе бо бобову бибиамон видеоӣ сӯҳбат мекунем. Онҳо маро ёд мекунанд”.

Ироденко ва паноҳҷӯёни дигар дар Денвер аз кӯмаки ҷамъияти украиниҳои маҳаллӣ фаровон истифода мекунанд. Ин созмон инчунин бо ёриҳои хайрияи тиббиаш барои Украина шинохта шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG