Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Урдун дар Ҷоми Осиё-2023


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» нахустин бозиашро 2-юми март дар Тошканд ба тими Урдун бо ҳисоби 0:2 бохт.

Аллакай дар дақиқаи аввали ин бозӣ дар ҳайати тими Урдун як нафар кам шуд. Бакер Камол Калбуне барои зарбаи сахт бо пой ба сари футболбози тоҷик аз майдон хориҷ шуд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, урдуниҳо ҳисобро боз карданд. Дар дақиқаи 7-ум Алӣ Аҳмад Ал-Азиза тӯбро аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон равона кард – 1:0.

Дар дакикаи 25-ум дастаи Урдун ҳисобро дучанд намуд. Тӯб баъди зарбаи Сайф Аддин Дарвеш ба назари ҳама гӯё аз назди дарвоза гузаштааст, вале сардовар аз Имороти Муттаҳидаи Араб тасмим гирифт, ки ин лаҳзаро таҳқиқ намояд ва пас аз машварати кӯтоҳ бо кӯмакдовар ба маркази майдон ишора кард - Гол! Маълум шуд, тӯб ба тӯри дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ворид гардид, вале ба таври мармуз аз он сӯрохии ҳаҷмаш калон берун шуд. Дарвоқеъ, сардовар ба созмондиҳандагон дастур дод, ки зуд сӯрохиро пӯшонанд.

Нимаи дуюми бозӣ бидуни гол анҷом ёфт. Мунтахаби Урдун ҳатто дар ақаллият дастаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ рӯзи якшанбеи 5-уми март футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Умон бозӣ мекунанд. Умониҳо дар даври аввал аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд.

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, натоиҷи бозиро бо тими Урдун гуфт, “аз дақиқаҳои аввал бозӣ аз рӯи нақша сурат нагирифт ва мо ба чунин вазъияти ногувор омода набудем. Бачаҳо ба хатоҳои зиёд роҳ доданд, ки дар натиҷа ба дарвозаи мо ду гол зада шуд. Бояд гуфт, ки рақиб голҳоро аз ҳуҷумҳои ҷавобӣ ба самар расонд ва ҳамаи имконияташро истифода бурд. Ҳимоятгарони мо дар нимаи аввали бозӣ хеле бад бозӣ карданд. Маҳорати баланди рақиб моро шикаст дод.”

Имрӯз, 3-юми март, бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «D» барпо мегарданд. Нахуст мунтахаби Ҷопон бо дастаи Чин, сипас тими Арабистони Саудӣ бо мунтахаби Қирғизистон вориди рақобат мешаванд.

Бояд гуфт, чаҳор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 ба қаҳрамонии ҷаҳон-2023 миёни ҷавонон, ки дар Индонезия доир мегардад, роҳхат мегирад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бори панҷум дар қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад. Қаблан ҷавонони тоҷик дар ин мусобиқот солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 иштирок карда буданд. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби Тоҷикистон роҳ ёфтан ба чорякфинали ду мусобиқоти охир дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) мебошад.

Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20):

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия

Даври 1-ум, 1 март (чоршанбе)

Индонезия - Ироқ - 0:2

Голҳо: Ҳайдар Абдулкарим, 28, Муҳаммад Ҷамил, 90+6.

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив».

Узбекистон - Сурия - 2:0

Голҳо: Аббосбек Файзуллоев, 37, Закария, 68 (гол ба дарвозаи худ).

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон

Даври 1-ум, 1 март (чоршанбе)

Австралия - Ветнам - 0:1

Гол: Нгуен Куок Виет, 6.

Фарғона, варзишгоҳи «Истиқлол».

Қатар - Эрон - 0:1

Гол: Муҳаммад Ҳазбавӣ, 65 (аз пеналти).

Фарғона, варзишгоҳи «Истиқлол».

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Урдун, Умон

Тоҷикистон – Урдун – 0:2

Голҳо: Алӣ Аҳмад Ал-Азиза, 7 (0:1). Сайф Аддин Дарвеш, 27 (0:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Бакер Калбоуне (Урдун), 1.

2 март. Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

Кореяи ҶанубӣУмон – 4:0

2 март. Тошканд, варзишгоҳи «Жар»

Гурӯҳи «D”: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон

Даври 1-ум, 3 март (ҷумъа)

Ҷопон Чин

Тошканд, варзишгоҳи «Жар», 16:00

Арабистони Саудӣ Қирғизистон

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор», 18:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG