Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонони то 20-сола оғоз ёфт


1-уми март дар Узбекистон марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шуруъ шуд, ки бо иштироки 16 дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-сола то рӯзи 18-уми март идома хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассис аз Беларус, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» нахустин бозиашро имрӯз, 2-юми март, ба тими Урдун баргузор мекунад. Баъдан футболбозони ҷавони тоҷик 5-уми март бо мунтахаби Умон ва 8-уми март бо Кореяи Ҷанубӣ рақобат хоҳанд кард.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 1-уми март бо бозиҳо дар гурӯҳҳои «А» ва “В” оғоз ёфт. Дар ду бозии гурӯҳи “А” Ироқ бар Индонезия ва Узбекистон бар Сурия бо ҳисоби якхелаи 2:0 пирӯз шуданд. Дар гурӯҳи “В” Қатар ба Эрон ва Ветнам ба Автралия бо ҳисоби мушобеҳ - 1:0 ғалаба карданд.

Имрӯз, 2-юми март, ба мубориза барои медалҳои Ҷоми Осиё дастаҳои гурӯҳи «С» мепардозанд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо дастаи Умон ва мунтахаби Тоҷикистон бо тими Урдун бозӣ мекунанд.

Рӯзи ҷумъа, 3-юми март, бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «D» баргузор мешаванд. Нахуст мунтахаби Ҷопон бо дастаи Чин, сипас тими Арабистони Саудӣ бо мунтахаби Қирғизистон вориди рақобат мешаванд.

Бояд гуфт, чаҳор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 ба қаҳрамонии ҷаҳон-2023 миёни ҷавонон, ки дар Индонезия доир мегардад, роҳхат мегирад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бори панҷум дар қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад. Қаблан ҷавонони тоҷик дар ин мусобиқот солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 иштирок карда буданд. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби Тоҷикистон роҳ ёфтан ба чорякфинали ду мусобиқоти охир дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) мебошад.

Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20):

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия

Даври 1-ум, 1 март (чоршанбе)

Индонезия - Ироқ - 0:2

Голҳо: Ҳайдар Абдулкарим, 28, Муҳаммад Ҷамил, 90+6.

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив».

Узбекистон - Сурия - 2:0

Голҳо: Аббосбек Файзуллоев, 37, Закария, 68 (гол ба дарвозаи худ).

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон

Даври 1-ум, 1 март (чоршанбе)

Австралия - Ветнам - 0:1

Гол: Нгуен Куок Виет, 6.

Фарғона, варзишгоҳи «Истиқлол».

Қатар - Эрон - 0:1

Гол: Муҳаммад Ҳазбавӣ, 65 (аз пеналти).

Фарғона, варзишгоҳи «Истиқлол».

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Урдун, Умон

Даври 1-ум, 2 март (панҷшанбе)

Кореяи Ҷанубӣ - Умон

Тошканд, варзишгоҳи «Жар», 16:00

Тоҷикистон - Урдун

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив», 18:00

Гурӯҳи «D: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон

Даври 1-ум, 3 март (ҷумъа)

Ҷопон – Чин

Тошканд, варзишгоҳи «Жар», 16:00

Арабистони Саудӣ Қирғизистон

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор», 18:00

XS
SM
MD
LG