Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тилои варзишгари тоҷик дар Бозиҳои II зимистонаи "Бачагони Осиё"


Алиҷони Сулаймонӣ, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои II зимистонаи байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё”, ки дар дар Кузбасси Русия ҷараён дорад, дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом-гигант медали тило ба даст овард.

Ба иттилои сомонаи Бозиҳои II зимистонаи байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё”, дар ин бозиҳо ҳудуди 1000 варзишгари наврас аз Арманистон, Афғонистон, Беларус, Кувайт, Қазоқистон, Қирғизистон, Лубнон, Тайланд, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва ҳашт минтақаи Русия ширкат доранд.

Тоҷикистонро чаҳор варзишгар ва як мураббӣ намояндагӣ мекунанд. Алиҷони Сулаймонӣ дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом-гигант бо натиҷаи 24,33 мақоми аввалро касб карда, бо медали тило мукофотонида шуд. Алиҷони Сулаймонӣ ба ин мусобиқа зери раҳбарии Саидакбар Эшонов омодагӣ дид.

Бозиҳои II зимистонаи байналмилалии варзишии "Бачагони Осиё", ки дар Кузбасс 23-юми феврал шуруъ шуд, то 5-уми март идома меёбад.

Ба барномаи бозиҳо даҳ намуди варзиш, аз он ҷумла пойгаи лижаронӣ, конкитозӣ, ҳоккей, сноуборд, кёрлинг, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях ва ғайра дохиланд. Яке аз вижагиҳои бозиҳо дар Кузбасс мусобиқоти намоишӣ оид ба волейболи рӯи барф ва варзиши компютерӣ мебошад.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот то рӯзи 1-уми март дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Маскав бо касби 15 медал (9 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Дастаи Тоҷикистон бо касби як медали тило дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.

Зимнан, то соли 2019 бозиҳои «Бачагони Осиё» танҳо дар тобистон баргузор мешуд. Пас аз бозиҳо дар Южно-Сахалинск мусобиқаҳо ба тобистона ва зимистона тақсим шуданд.

Ҳадафи ин бозиҳо таблиғи ҳаракати олимпӣ дар байни кӯдакону наврасон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши кӯдакону наврасон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барқарор намудани робитаҳои дӯстона байни кӯдакону наврасони кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.

Бозиҳо на танҳо мусобиқаҳои варзишӣ, балки барномаи бузурги фарҳангӣ ва ҷашнвораҳои эҷодиро дар бар мегиранд. Шиори бозиҳо "Аз дӯстӣ дар варзиш - ба сулҳ дар рӯи замин" мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG