Тибқи гузоришҳо, беш аз 70 шаҳрванди Афғонистон бар асари ғарқ шудани як киштӣ дар соҳилҳои Италия ҷон бохтаанд. Намояндагони ҷамъияти афғонҳои Италия ва Вазорати корҳои хориҷии Толибон хоҳони кумаки созмонҳои байнулмилалӣ барои интиқоли ҷасадҳо ба Афғонистон шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар "Твиттер" эълон кард, ки дар пайи ғарқ шудани киштӣ, ҳаштод афғонистонӣ, ба шумули занон ва кӯдакон ҷонашонро аз даст додаанд.
Дар ҳамин ҳол, имдодгарони Италия гуфтаанд, ҷасади дастикам 65 нафар, ба шумули 14 кӯдакро пайдо кардаанд. Мақомот, инчунин, гуфтанд, ки ҳудуди 80 тани дигар наҷот ёфтанд.
Гуфта мешавад, ҳудуди дусад нафар савори ин киштӣ буданд, ки дар поёни рӯзи шанбе дар баҳри Миёназамин дар ҷануби Италия ғарқ шуданд.
Дар эъломияи Вазорати корҳои хориҷии Толибон аз мардуми Афғонистон хоста шудааст, ки аз сафар ба кишварҳои хориҷӣ аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва қочоқӣ худдорӣ кунанд.
Толибон ҳамчунин аз Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва ниҳодҳои имдодрасон хостаанд, то барои пайдо кардани ҷасади афғонҳои нопадидшуда кумак кунанд ва дар интиқоли онҳо ба Афғонистон ёрӣ расонанд.
Мақомоти Италия аз боздошти се нафар -- яке турк ва ду покистонӣ ба иттиҳоми қочоқи паноҳҷӯён хабар доданд. Киштии чӯбии паноҳҷӯён аз бандари Измири Туркия роҳии Италия буд.
Тибқи гузоришҳо, мусофирони ин киштӣ асосан шаҳрвандони Афғонистон, Покистон, Сомалӣ, Сурия, Ироқ ва Эрон будаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон гуфтааст, ки 16 шаҳрванди ин кишвар наҷот ёфта, 4 нафар нопадид ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз наздикони қурбониён, ки аксаран афғон ҳастанд, барои пайдо кардани азизони гумшудаи худ ба шаҳри Кротони Италия омадаанд.
Алоуддин Муҳибзода, як афғонистонии муқими Олмон, ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, 25 соат ронандагӣ кард, то аз зинда ва ё мурда будани амма ва се фарзандаш огоҳ шавад. Ӯ гуфт, амма ва ду фарзандаш ҷон бохтанд ва як кӯдаки панҷсолааш наҷот ёфт ва ба маркази нигаҳдории кӯдакон интиқол ёфтааст. Муҳибзода афзуд, мехоҳад, роҳҳое барои фиристодани ҷасадҳо ба Афғонистон биёбад.
Тибқи баррасиҳои ибтидоӣ, гуфта шудааст, ки ҳар нафар ҳудуди 8 ҳазор евро ба қочоқчиён пардохт карда буданд.
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфтааст, тақрибан ниме аз паноҳҷӯёне, ки соли гузашта аз тариқи баҳр аз Туркия ба Италия расиданд, афғонҳо мебошанд.
Нахуствазири Италия рӯзи душанбе гуфт, номае ба ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо фиристод ва аз онҳо хост, ки фавран убури киштиҳои муҳоҷиронро банд кунанд, то аз талафоти бештар пешгирӣ шавад. Ӯ афзуд, танҳо роҳи ҳалли ин мушкили башарӣ, пешгирӣ аз ҳаракати киштиҳо аз ин роҳ аст.
Гуфтугӯ