Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нони хӯрдан надорем, дар ҳавои хунук мондем" ВИДЕО


“Нони хӯрдан надорем, дар ҳавои хунук мондем”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Автобусе, ки 70 муҳоҷири тоҷикро аз вилояти Хатлон ба Русия мебурд, дар наздикии вилояти Самара дармондааст.

Ин дар ҳолест, ки ваъда шуда буд, муҳоҷирон дар чор рӯз ба Маскав расонда мешаванд. Дар роҳ автобус борҳо вайрон шудааст.

Муҳоҷирон мегӯянд, дохили он сард аст ва нони хӯрдан надоранд, зеро танҳо барои 4 рӯз ҳамроҳашон хӯрок гирифта буданд. Вазъи баъзе аз муҳоҷирон нигаронкунанда аст.

Собир, яке аз муҳоҷирон, гуфт, “пойҳои мардум варам кардааст. Шаб дар барф мондем. Нони хӯрдан надорем. Ҳафт рӯз шуд. Дар инҷо занону кӯдакон ҳастанд”

Холмуъмин Ҳақназаров бо 13 узви хонаводааш аз ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ба Маскав сафар дорад. Набераҳояш бемор шудаанд.

“Чӣ даркор халқро фиреб кардан? Мо пул надоштем, ки бо ҳавопаймо биоем,” – афзуд ӯ.

Асосан муҳоҷироне дар автобус сафар мекунанд, ки барои харидани билети ҳавопаймо пули кофӣ надоранд. Онҳо билети автобусро ба 1100-1300 сомонӣ харидаанд, ки чанд баробар аз билети ҳавопаймо арзонтар аст.

Комилҷон Хушбахтов, яке аз муҳоҷирон, гуфт: “Аз марзи Узбекистон гузаштем, ки мушкил сар шуд. Пойҳоям варам кардааст, роҳ гаштан мушкил.”

“Шиносномаҳоямонро гирифтаанд. Дар роҳи Маскав мондаем. Наход тоҷики худамон фиреб диҳад. Илтимос мушкилро ҳал кунед,” – гуфт муҳоҷири дигар ба номи Ҳасан.

Муҳоҷирон мегӯянд, ин автобус 52 ҷойи нишаст дорад, вале дар он 69 нафарро савор кардаанд. Баъзе маҷбуранд, то Маскав рост истода сафар кунанд.

Диловар Ҳақназаров, намояндаи ширкати “Сайри лаҳзаи дунё”, ки муҳоҷиронро ба Русия мебаранд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкили техникӣ пеш омад ва зуд ҳал карданд. Ӯ гуфт, дар таҷрибаашон бори аввал аст, ки автобус дар роҳ аз кор мемонад, вале талош доранд, зудтар муҳоҷиронро ба Маскав расонанд.

Садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик тариқи автобус, қатора (поезд) ва ҳавопаймо барои кор ба Русия мераванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG