Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси вилояти Сурхондарёро баъди барканорӣ боз мансаб гирифт


Uzbekistan - mayor of Surxondaryo region Tora Bobolov
Uzbekistan - mayor of Surxondaryo region Tora Bobolov

Тура Боболов дар охири моҳи декабри соли 2022 ва баъд аз танқиди президенти Узбекистон аз мақоми раиси вилояти Сурхондарё ронда шуд. Ҳоло ба вай дар Палатаи савдову саноати Узбекистон вазифаи нав додаанд.

Сомонаи Палатаи савдо ва саноати Узбекистон хабар дод, ки Боболов ба ҳайси муовини раиси палата дар ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Узбекистону Озорбойҷон рӯзи 24-уми феврал дар шаҳри Тошканд ширкат кардааст.

Боболови 52-сола, ки наздик ба чаҳор сол раиси вилояти Сурхандарё буд, 26-уми декабри соли 2022 аз мақом барканор шуд.

Расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки Боболов пас аз таҳдид карданаш ба мақомдорони маҳаллӣ аз мақом ронда шуд.

Баъд аз нашри садои таҳдидҳои Боболов дар шабакаҳои иҷтимоӣ, моҳи октябри соли 2022 Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ӯро таҳдиди аз кор рондан кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG